Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёрдамчиёни Президент
 

Ҳикматуллозода Неъматулло
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ


Ҳикматуллозода Неъматулло 7 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Москва ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1986-1987 аз техники шуъбаи меллиоратсия ва обтаъминкунии замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и Кумитаи давлатии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба сифати эксперти корхонаи хурди «Ориё»-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиквнешторг», мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассис, сардори шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ шуда фаъолият намудааст.
Аз соли 2012 то соли 2015 ба ҳайси муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 2015-2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин гардид.
Бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
 

ШАРИФӢ Азамшо Латифзод
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ

Шарифӣ Азамшо Латифзод 12 майи соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 шӯъбаи арабшиносии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи А. Жданови шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)-и Федератсияи Россия, соли 2001 курсҳои дипломатии кӯтоҳмӯҳлати Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб-ро хатм кардааст. Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун тарҷумони забони арабии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман оғоз намуда, солҳои 1983 – 1986 дар Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси китобшинос, китобшиноси калон ва мудири бахши толори иттилоотӣ ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1986 то ниҳояти соли 1990 – сартарҷумони гурӯҳи мушовирони Шӯрои Вазирон ва сипас тарҷумон-референти Иттиҳодияи «Зарубежгеология» дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман.
Пас аз бозгашт ба Ватан ба дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор пазируфта шуда, солҳои 1991 – 1993 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Шӯъбаи иттилоот ва тарҷума кор кардааст.
Фаъолияти кориашро дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 1993 оғоз карда, то соли 2000-ум ба ҳайси котиби сеюм, котиби дуюм ва котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон идома додааст. Солҳои 2000 – 2004 – котиби якум ва сардори Раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷӣ, солҳои 2004 – 2008 – мушовир – фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
Соли 2008 Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардида, солҳои 2010 – 2011 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сафир оид ба супоришҳои махсус кор кардааст.
Солҳои 2011-2014 ҳамчун Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Мудири Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифои вазифа намудааст.
Аз моҳи ноябри 2014 то январи соли 2016 ҳамчун Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҳамкории Исломӣ фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин гардид.
Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи II ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи II -ро дорад, бо ордени "Дӯстӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, падари 3 фарзанд мебошад.


Асадулло РАҲМОН
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо


1 – уми январи соли 1973 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1997 факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигор ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.
Ӯ дар вазифаҳои мусаҳҳеҳи рӯзномаи «Навобод»-и ноҳияи Данғара, роҳбари дастаи (дружинаи) пионерии мактаби миёнаи №48 – и шаҳри Душанбе, муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 – уми марти соли 2005 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Асадуллои Раҳмон дар рушду нумӯи соҳа саҳми фаъол дошта, дар давраи роҳбарии ӯ се шабакаи давлатии телевизион Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» (соли 2005), Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - «Баҳористон» (соли 2006), Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» (соли 2008) ва ду шабакаи давлатии радио «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» бунёд ёфтаанд.
Ҷиҳати беҳбуд бахшидани сатҳу савияи намоишҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ, инъикосу тарғиби ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт ба аҳолӣ пешниҳод намудани иттилооти расмӣ, бо техникаи муосир муҷаҳҳаз намудани шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон, шурӯи корҳо барои гузаштан ба истеҳсол ва пахши рақамии барномаҳо, инчунин дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа саҳми калон дорад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 – уми марти соли 2015 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.
Бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2002), Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II (соли 2005) ва Медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) мукофотонида шудааст.
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ.
Аз 3 – уми июли соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Оиладор, падари 4 фарзанд мебошад.

 

Зариф АЛИЗОДА 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ализода Зариф 5 майи соли 1962 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1984 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ҳамчун асистенти Кафедраи «Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ»-и Донишгоҳи милли Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2000 дар мансабҳои коромӯз, аспиранти Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС, асистенти кафедраи «Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ»-и Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Мушовири Кумитаи қонунгузории Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2000-2001 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2001-2003 дар мансаби Сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2006 дар мансаби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2009 дар мансаби Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсатӣ ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2009-2019 дар мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2019 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо мукофотҳои давлатии Арбоби илм ва техникаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), ордени «Дустӣ» (соли 1999), медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2011)  сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520