Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудаанд.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло шаҳри Левакант), дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ба ҳайси устои барқ шурӯъ намудаанд.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буданд ва баъди хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардаанд.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуданд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардаанд ва фаъолияти минбаъдаашон дар мақомоти ҳизбӣ идома ёфтааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 роҳбари хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара буданд.

Соли 1990 ба ҳайси вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешаванд. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардиданд.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

6 ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон ба муҳлати ҳафт соли дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардиданд.

11 октябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92% овози интихобкунандагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омаданд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд мебошанд.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд.

Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи ҳалокат берун оварда, беш аз як миллион нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардониданд ва мардуми парешонро сарҷамъ намуданд.

Бо иродаи Сарвари давлат барқарорсозии харобаҳои ҷанг ва бунёди иншооти азим оғоз гардид, аз ҷумла барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳои ваҳдат ва барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ва пайваст шудан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои замонавии мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи заҳмати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд.

Мукофоти ин ҳама заҳматҳо, ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки нисбат ба Роҳбари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори эътирофгардида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ мунтазам иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Таҷрибаи ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки роҳбари ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, дар сари дастгоҳи давлативу сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муваффақона ва пайгирона амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, кафолат медиҳад.

Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтианд.

 Роҳбари давлати тоҷикон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва дигар масъалаҳои глобалӣ ҷалб кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003- ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард.

Ҳамчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, ки Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Ҳоло аксари чорабиниҳои ҷаҳониву минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Роҳбари давлати худ мебошад.

Дар тӯли сӣ соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт.

Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид, пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд ва устувор гардиданд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифта, хатари нобудии онро бартараф карданд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтанд.

Барои таҳкими ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва пояҳои давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро фароҳам оварданд ва барои эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.

Дар мамлакат ислоҳоти конститутсиониро амалӣ гардонида, эҷоди Конститутсияи нави Тоҷикистонро роҳбарӣ карданд, ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, таъмин намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ оғоз бахшиданд, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо мукофоту ҷоизаҳои олӣ ва унвонҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Бо дарназардошти саҳми бузург дар эҳё ва таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои махсусан бузург дар назди халқи Тоҷикистон, пойдории сулҳ ва рушди давлатдории тоҷикон, хизматҳои махсусан муҳим дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, ки ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, комёбиҳои бузурги соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму фарҳанг, рушди ҷомеа ва пешрафти иҷтимоӣ, хизматҳои беназир ва ватандӯстона бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси давлати навини тоҷикон бениҳоят бузург ва таърихӣ мебошанд.

Мардуми сипосгузори тоҷик ба поси азхудгузаштагӣ ва муборизаҳои ҷоннисоронаи Сарвари худ дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон ӯро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пешбарӣ карданд.

Дарвоқеъ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” рӯйдоди одилонаву таърихӣ мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 

Қабули Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи возеҳи қадршиносии самимонаи халқи Тоҷикистон аз корномаҳои сарнавиштсози Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳояти ифтихору шукргузории мардуми тоҷик аз фарзанди ҷаҳоншумули худ мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҷовидона сабт гардидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ, хизматҳои басо арзишманд дар тавсеаи ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову халқҳо ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷоизаву мукофотҳои як қатор давлату кишварҳо ва созмонҳои умумиҷаҳониву байналмилалӣ, аз ҷумла бо медали “Барои хизмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ”-и Федератсияи Русия (25 августи соли 1994), Ситораи тиллоии Алберт Швейсер (15 январи соли 2000), ҷоизаи байналмилалии "Сулҳ-99" (15 октябри соли 1999), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир (20 марти соли 2002), , Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср” - Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст” (29 марти соли 2005), Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд” (27 апрели соли 2005), Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо” (25 июни соли 2005), Медали тиллоии давлати Миср (5 феврали соли 2007), Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи “Миротворец” (Сулҳовар) ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи “Созвездие” (Галаситора) (25 июни соли 2007), Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007), дараҷаи 1-и Ордени княз Ярослави Ҳакими Украина (3 декабри соли 2008), Ордени “3 Ситора дараҷаи 1” бо занҷираи зарини Латвия (11 июли соди 2009), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” (23 марти соли 2010), Мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон (8 марти соли 2011), Ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора” (19 майи соли 2011), Медал ва шаҳодатномаи Шӯрои Аврупо – “Пешвои асри ХХI” (17 августи соли 2011), мукофоти олии давлатии Украина - Орден “Барои хизматҳо” дараҷаи 1 (15 ноябри соли 2011), мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени “Ҳайдар Алиев” (12 июли соли 2012), Ордени Президенти Туркманистон “Битараплик” (Бетарафӣ) (23 августи соли 2012), мукофоти Давлати Кувайт Ордени “Муборак Алкабир” (23 июни соли 2013), мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (Ордени подшоҳӣ) (28 майи соли 2014), мукофоти олии Федератсияи Русия – Ордени “Александр Невский” (27 феврали соли 2017), мукофоти давлатии Қазоқистон - Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) (14 марти соли 2018), мукофоти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” (17 августи соли 2018), нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (4 октябри соли 2022), Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар доираи сафарҳои хориҷӣ ба кишварҳои гуногун бо устодону донишҷӯёни бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ дидору мулоқот анҷом дода, ба хотири хизматҳои шоён ва рушду таҳкими равобити байналмилалии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи илму маориф бо унвону ҷоизаҳои олӣ, аз ҷумла, профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ (15 январи соли 2000), ҷоизаи Ассотсиатсияи байналхалқии академияҳои улуми мамлакатҳои ИДМ "Медал барои мусоидат ба рушди илм" (17 апрели соли 2001), Медали тиллоии ЮНЕСКО ба номи Абӯалӣ ибни Сино (31 октябри соли 2002), доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия (20 январи соли 2006), профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев (5 майи соли 2006), доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (8 декабри соли 2008), Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО (5 майи соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии маъдани Урал (15 июни соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов (23 октябри соли 2009), доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (23 октябри соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (18 июни соли 2010), мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохин (1 октябри соли 2010), унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии маъдани Украина ва Медали тиллоии академик Терпигорев (16 ноябри соли 2011), мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллоӣ (18 ноябри соли 2011), профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (2 июни соли 2012), профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон (23 августи соли 2012), доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия (17 декабри соли 2012), Медали “60 - солагии ЮНЕСКО” (20 августи соли 2013), профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус (24 майи соли 2014), профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия (26 июни соли 2014), профессори фахрии Маркази аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел) (2 июли соли 2015), профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфаи Федератсияи Русия (8 июли соли 2015), доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон (12 ноябри соли 2015), доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷон (11 августи соли 2018), доктори фахрии Донишгоҳи Тсукубаи Япония (4 октябри соли 2018) ва Доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира (10 марти соли 2022) қадрдонӣ гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати шоён дар инкишофи соҳаи варзиш, гузоштани саҳми намоён ва арзанда дар рушди ҳаракати олимпӣ, дастгирии пайвастаи варзишгарон, бунёду азнавсозии иншооти варзишӣ, мусоидат дар ташкилу гузаронидани мусобиқаҳои варзишии минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи олимпии байналмилалӣ “Барои тараққии ҳаракати олимӣ” (16 октябри соли 2003), Ордени Шӯрои олимпии Осиё “Барои хизмати шоён“ (16 октябри соли 2003), нишони рамзии дани 5-уми камарбанди сиёҳи карате-до (24 сентябри соли 2005), Ордени Шӯрои олимпии Осиё (8 апрели соли 2009), Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин (6 июни соли 2012) ва нишони фахрии “Камарбанди сиёҳи дани 9-ум” бо сертификати он аз Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) (23 майи соли 2013) сарфароз гардонида шудаанд.

Дар марҳалаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои инсонӣ – бузургдиливу шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз таҷаммӯи ҳамин хислатҳои олии инсонӣ ҷомеаи кишварро ба сӯйи худогоҳиву хештаншиносӣ сафарбар сохт.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520