Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.04.2012 12:55, шаҳри Душанбе

Тақдими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Зимни он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон муайяну мушаххас карда шуд.

Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми Президенти кишвар дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон тақдим гардид.

Аз ин хотир роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро дар толори калони бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ба ин муносибат дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигарон, дар маҷмӯъ зиёда аз 1200 нафар ҷамъ омаданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз соли таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ будани соли 2012 ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ин ду сана дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама дар истиқрори сулҳу созиш ва таъмини рушди босуботи кишвар, нақши тақдирсоз бозидаанд.

Ёдоварӣ аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир ва муқоисаи он бо солҳои аввали истиқлолият ва соли 2000 аз бахшҳои нахустини паёми имсола буд.

Зикр гардид, ки Буҷети давлатӣ дар соли равон дар ҳаҷми 10 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2011 22% ва нисбат ба соли 2000 45 баробар зиёд аст ва афзоиши ҳарсолаи буҷет баробар ба 47% мебошад.

Таъкид гардид, ки баробар бо афзоиши даромади буҷети давлатӣ ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ низ афзун мешавад.

Аз ҷумла ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф барои соли 2012 пешбинишуда аз буҷети ин соҳа дар соли 2000 35 баробар ва дар соҳаи тандурустӣ ин нишондод 30 баробар афзудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин афзоиши мунтазам ва ҳарсолаи маошу нафақаро хотиррасон намуда, мужда расонд, ки имсол ҳам ин раванд идома хоҳад ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои таъмини сарфаю сариштакорӣ ва аз байн бурдани такрори вазифаҳо шумораи кормандони як қатор сохторҳои давлатӣ то 12% ихтисор карда мешавад.

Шарҳи тадбирҳои солҳои охир ва ояндаи ба беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ равонагардида ва ислоҳоти соҳаи андозбандӣ аз бахшҳои муҳимтарини паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар буд.

Таъкид гардид, ки шумораи иҷозатномаҳо барои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ бояд то 50% кам карда шавад ва тамоми амалҳои барасмиятдарории кори соҳибкорону сармоягузорон бояд содда гардонда шавад. Аз ҷумла барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳукумати электронӣ ва ба таври электронӣ ташкил намудани робитаи миёни сохторҳои маъмурии давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон супоришҳои мушаххас дода шуд. Дастур дода шуд, ки барои омӯхтани таҷрибаи давлатҳои дар ин самт пешрафтаи ҷаҳон ва амалӣ намудани механизмҳои беҳтарин дар Тоҷикистон гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сармоягузорони фаъоли кишвар барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин барои дасти кумак дароз карданашон ба аҳолии ниёзманди ҷумҳурӣ арзи сипос намуд.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаҳои бунёдии иқтисоди кишвар, ба мисли саноат, аз ҷумла саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, пеш аз ҳама гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва мелиоратсия ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки барои таъмини корхонаҳои саноатӣ ва дигар муассисаҳо бо сӯзишворӣ то дастрасӣ пайдо намудан ба гази табиии ватанӣ аз захираҳои худии ангишт васеъ истифода карда шавад. Тадбирҳои мушаххас, ҳамчунин бояд доир ба бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, тезондани бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа амалӣ карда шаванд.
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва дар маҷмуъ ба таълиму тарбияи насли ҷавони ҷисман ва рӯҳан солим, дорои маърифати баланди шаҳрвандӣ, ҳисси волои ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва содиқу вафодор ба арзишҳою муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол зоҳир карда шуд.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон - 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ - 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, стипендияҳои донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия - 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад.

Дар баробари ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд.

Яъне аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафақаи қариб 380 ҳазор нафар нафақагирон зиёд шуда, ба 150 сомонӣ расонида мешавад.

Масоили таълиму тарбияи босифат ва бомасъулияти насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамчунин дар бахши вобаста ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ мақоми марказӣ дошт. Дар ин бахш, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, муомилаю муносибати шоистаю боэҳтиром бо мардум ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи марбут бо коррупсия ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар бахши сиёсати хориҷӣ таваҷчуҳи хоса ба таҳкими муносибот ва густариши ҳамкорӣ бо шарики асосию боэътимоди Тоҷикистон – Федератсияи Русия ва ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳи асосии ҳаллу фасли кулли мушкилоти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва баҳрабардории муштарак аз имкону захираҳои фаровони мавҷуда гуфтушуниди созанда аст. Таваҷчуҳи зиёд, ҳамчунин ба рушди муносибот дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва давлатҳои аъзои он, пеш аз ҳама бо Ҷумҳурии Мардумии Чин зоҳир карда шуд.

Масоили рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон ва омодагӣ ба замони баъд аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар, ки марҳилаи “рӯ ба рӯ шудан бо воқеияти нав дар минтақа” номида шуд, аз мавзӯъҳои марказии бахши сиёсати хориҷӣ дар паём буд.

Бо ишора ба стратегияи “дарҳои кушода” дар сиёсати хориҷии кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон минбаъд низ робитаҳои судманд ва ҳамкории босамарро бо ҳамаи кишварҳои ба мо хайрхоҳ ва тамоми созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ собитқадамона идома хоҳад дод.
Дар фароварди паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар, бо ёдоварӣ аз арзишҳои волою муқаддасоти давлатдории миллӣ, мардуми кишварро ба ваҳдату ягонагӣ ва заҳмати созанда барои рушду тараққиёти минбаъдаи Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520