Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Андарвашти деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

23.03.2016 12:30, ноҳияи Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон оғози расмӣ бахшид.

Сарвари давлат аз шароити муосири синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ фароҳам оварда шудааст шинос шуда, бо хонандагон сӯҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Мактаби мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 15 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва синфхонаи физикаю биология бо навтарин аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи боз як синфхонаи компютерӣ ба хонандагон компютерҳои муосир ва барои дастаи ҳаваскорон як миқдор асбобҳои миллии мусиқӣ тақдим кард.  

Ин муассисаи тозабунёд ҳамчунин дорои толори замонавии варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона, майдончаҳои варзишӣ ва синфхонаи дарси хӯрокпазӣ мебошад.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 аз тарафи Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бинокор-Иқбол»-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд. Арзиши умумии ин иншоот беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан фарзандони сокинони ҷамоати мазкур ба дигар мактабҳо, ки дар масофаи то 6 километр буд, барои таҳсил мерафтанд ва дар фасли сармо ба мушкилӣ ру ба ру буданд.

Мактаби нав бо аёнияти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо маркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.  

Хонандагону сокинони деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон бунёди мактаби наву замонавиро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ маънидод намуда, барои ин ғамхорӣ ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар саҳни ҳавлӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва устодону хонандагон мулоқоти самимӣ доир кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо бунёди ин иншооти муҳим табрик карда, доир ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия андешаронӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520