Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки «Меҳробод» дар ноҳияи Мастчоҳ

23.03.2016 14:44, ноҳияи Мастчоҳ

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт.

Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, шаҳраки нав дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад.

Нақшаи генералии шаҳраки «Меҳробод» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳраки «Меҳробод» 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад.  

Дар даромадгоҳи шаҳраки «Меҳробод» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди се иншооти муҳим, аз ҷумла мактаб, беморхона ва боғчаи кӯдакона асос гузошт. 

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки шаҳр мутобиқи тамоми қоидаҳои шаҳрсозӣ босифат бунёд гардад ва он бояд садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.

Дар ин мавзеъ аллакай 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лулаҳои об кашида шудааст. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо сокинони «Шаҳраки Сомониён», Ҷамоати деҳоти «Палдорак», «Бустон» ва «Обурдон» бо замин таъмин карда шуданд.

Ин тадбири хеле олиҳимматонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ гардид.

Сокинони ноҳия барои чунин ғамхориҳо ба Сарвару Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520