Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи қанди шаҳри Конибодом, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳомид Ёқубов бунёд гардидааст, аз наздик шинос шуд.
Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корхона бо арзиши лоиҳавии наздики 3 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он анвои мухталифи меваи хушк, ба монанди зардолу, баргак, хушкмева, чормағзи заминӣ, ё худ арахис ва ғайра коркард мешавад.
Танҳо дар коргоҳи бандубасти меваи хушк 40 нафар сокини маҳаллӣ, ки асосан занону бонувони хонашин мебошанд, бо ҷойи кор ва маош таъмин гардидаанд. Дар сурати ба кор андохтани навбати дуюми коргоҳ, боз 30 нафари дигар бо кор таъмин карда мешавад.
Фаъолияти ин коргоҳ, аз марҳилаҳои шустушӯй сар карда, то ба навъҳо ҷудо намудану хушконидан ва бастабандии маҳсулот бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди то 5 тонна меваи хушк мебошад.
Коргарон талаботи ин намуди маҳсулотро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ санҷида, дар оянда баробари таъминоти бозорҳои дохила, ҳамзамон содироти онро ба Федератсияи Россия ба роҳ мемонанд.
Соҳибкорони ватанӣ мақсад доранд, ҷиӽати таъминоти бемайлони корхона бо маҳсулоти мевагӣ ва васеътар ба роҳ мондани фаъолияти он дар майдони 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси корхона ва нақшаҳои нав баҳри бунёди коргоҳҳои дигар, инчунин таъмини сокинон бо кор ба соҳибкорон барору муваффақият орзу намуд.