12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуди Аббос барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Аълоҳазрат, Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти давлати Фаластин интихоб шуданатон табрик менамоям. Ғалабаи қотеъонаи Шумо дар интихобот ҷидду ҷаҳди халқи Фаластинро дар бораи мустақилона муайян кардани тақдири худ дар доираи давлати мустақили миллӣ, ки Шумо тамоми умр барои он мубориза мебурдед, инъикос менамояд. Аминам, ки фаъолияти минбаъдаи Шумо барои амалӣ сохтани ин ҳадафи наҷиб сафарбар карда мешавад. Шодравон Президент Ёсир Арафот ҳаёти худро барои ба даст овардани ҳамин ҳадаф бахшида буд. Умед аст, ки кӯшишҳои хастагинопазири Шумо барои истиқрори сулҳи босубот дар Шарқи Наздик бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои қонунии халқи Фаластин ояндаи наздик натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Мо ба ин самимона манфиатдорем.
Ҷаноби Президент, лутфан иҷозат диҳед, ба Шумо саломатию барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Фаластин сулҳу ободӣ ва шукуфоӣ орзу намоям".