20 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниел дел Мармола эътимоднома қабул кард. Сипас дар ҷараёни сӯҳбати муфассал бо сафир маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории ҳарду мамлакат муҳокима шуданд.
"Мо ният дорем, ки муносибатҳои худро бо Белгия бо назардошти тамоюли мусбати муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҷомеаи ҷаҳон дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони ҳозира бештар аз пештар равнақу ривоҷ диҳем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки тағйироти мусбати сиёсии дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуқуъомада барои густариш додани ҳамкорӣ имкониятҳои сифатан нав муҳайё месозанд.
Зикр шуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва Белгия тӯли 11 моҳи соли гузашта бештар аз 8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ҳарду ҷониб зикр карданд, ки чунин вазъият ғайриқаноатбахш мебошад. Таъкид карда шуд, ки захираҳои фаровони сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ва иқтидорҳои калони истеҳсоли он, ки айни ҳол аз онҳо истифода бурда намешавад, дар мавриди корбасти имкониятҳои калони илмию техникии Белгия ба ҳамкории самарабахш ва мутақобилан муфид заминаи хуб гузошта метавонад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима шуданд.