1 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нахустини Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ханс Улссон эътимоднома қабул кард.
Мо ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо бо Шветсия манфиатдорем, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ, ки баъди маросими расмии эътимодномасупорӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба инкишофи муносиботи дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки имзои Созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соли гузашта барои вусъати ҳамкориҳои боз ҳам самарабахш марҳилаи нав кушод.
Сафири Шветсия иброз дошт, ки баҳри истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, туризм ва саноати хурокворӣ талош хоҳад кард.