1 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мун Ха-Ёнг эътимоднома қабул кард.
Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ мулоқоти фарогири доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба сатҳи сифатан боэътимод расида, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2004 7,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо солҳои пешин нишондиҳандаи назаррас мебошад.
Дар ҳамин замина Сарвари давлати Тоҷикистон ва дипломати Корея ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ дахл намуда, ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистонро омили муҳимми ҷавобгӯи талаби рӯз маънидод карданд.