Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори тасаллият ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ

03.02.2005 14:00

3 феврал дар деҳаи Дегдонаки ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод бар асари боришоти сел ва тармафуроӣ 9 нафар ҳалок шуда, се нафар ба беморхона афтоданд, инчунин роҳи байни Обигарму Сичароғ зарари ҷиддӣ дидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардида изҳори тасаллият намуда, ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъсиси гурӯҳҳои фаврӣ, расондани ёрии амалӣ ба зарардидагон ва тоза кардани роҳҳо супориши қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520