11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммадди Хотамӣ бинобар солгарди Инқилоби Исломии кишвараш барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Шумо ва мардуми бародари Эронро бо ҷашни миллӣ - солгарди Инқилоби Исломӣ аз номи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки солҳои охир дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон рух доданд, далели равшани саъю эҳтимом ва кӯшишҳои муштараки роҳбарият ва мардумони мо барои эҳё ва рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар тамоми сатҳҳо ва заминаҳост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад. Аминам, ки ҳамкории бунёдии оғозшуда ба нафъи ҳарду кишвар ва амнияту суботи минтақа рушди пайгир ва рӯзафзун хоҳад ёфт.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиву муваффақият ва ба мардуми дӯсти Эрон хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам.