Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2005 12:00, шаҳри Душанбе

23 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, сарбозону афсаронро ба ифтихори 12-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик гуфт.

"Бо мақсади такмили маҳорату малакаи кадрҳои низомӣ ҳоло дар кишварамон Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Академияи  Вазорати корҳои дохилӣ, Мактаби олии Вазорати амният, Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Тоҷикистон ва литсейи ҳарбӣ фаъолият доранд", - бо қаноатмандӣ афзуд Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбати давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани  қобилияти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош хоҳанд кард.

Сарвари давлат бо шароитҳои таҳсил ва фароғати сарбозони Донишкадаи ҳарбӣ шинос гардида, бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи таълим дастуру супоришҳо дод.

Дар хатми ҷамъомад як гурӯҳ афсарон бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардиданд. Тантанаҳои ҷашнӣ бо барномаи ҳунарии устодони санъат ва оркестри низомӣ ба поён расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520