Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.03.2005 12:00, шаҳри Душанбе

1 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаҳои 62 ва 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 қонунро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда буданд, имзо намуд.  Қонунҳо барои интишор дар матбуоти даврӣ пешниҳод карда шуданд.

Қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ин санадҳои навқабулгардида буда, муносибатҳоро оид ба моликияти зеҳнӣ, меросгузорӣ ва ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ танзим мекунад ва ба кафолати давлатӣ оид ба баробар ҳифз намудани ҳамаи шаклҳои моликият ва мутобиқ намудани он ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба соҳаи ҳукуқи гражданӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гаштаанд, равона карда шудааст.

Қонуни дигаре, ки ба имзо расид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии занону мардон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ танзим мекунад. Ин Қонун ҳуқуқвайронкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалӣ гардонидани имкониятҳои баробари ҳуқуқи онҳоро таъмин менамояд.

Бо назардошти таъмини ҳифзи саломатии одамон бори аввал дар ҷумҳурӣ Қонун "Дар бораи бехатарии биологӣ" қабул гардид. Қонуни мазкур ба танзими дастрасӣ, воридоту содирот, истеҳсол ва фурӯши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологии замонавии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта нигаронида шуда, ҳадафи асосии он пешгирӣ намудани таъсири номатлуби онҳо ба саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва вазъи экологӣ мебошад.

Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон" ба имзо расид, ки он асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногении ба саломатии онҳо зараррасон ба танзим медарорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" ба ҳуқуқу озодиҳо, масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онҳо, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда ва аъзои оилаи онҳо равона карда шудааст.

Бо назардошти таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳади давлатӣ бори аввал дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид. Қонуни номбурда асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор ва салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд.

Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави амволи манқул" ва якчанд қонунҳои дигари ҳаётан муҳим, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар бар гирифта муносибатҳоро дар шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ба танзим медароранд ба имзо расиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520