Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Хони Монако Алберти дуюм

07.04.2005 14:00

7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Хони Монако Алберти дуюм барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он гуфта мешавад:

"Ҳамдардии самимонаи маро вобаста ба вафоти Хон Ренеи III  қабул фармоед. Вай бо фаъолияти хастагинопазири худ ба манфиати Ватан ва халқаш сазовори эҳтироми бепоёни мардуми тамоми ҷаҳон гардида буд. Муваффақиятҳои  Монако дар бобати пешрафти иқтисодиёт, ободии мамлакат ва баланд гардидани обрӯю эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи ӯ вобаста мебошад.

Наслҳои имрӯзаю оянда номи неки Хон Ренеи III-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520