15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи ҷузъу томҳои низомии ИМА дар Афғонистон генерал Девид Барноро ба ҳузур пазируфт.
- Мулоқоти мо, - зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - идомаи робитаҳо дар чаҳорчӯбаи ҳамкории ривоҷёбандаи давлатҳоямон ва дар навбати аввал дар муборизаи зидди терроризм ва хавфу хатарҳои дигари ҷаҳони имрӯза аст. Шарикии эътимодбахши мо тадриҷан ривоҷ ёфта, бемайлон ба худ мазмуни мусбат пайдо мекунад.
Тарафҳо қайд намуданд, ки солҳои охир гуфтушуниди сиёсӣ ба худ мӯҳтавои ҷиддитару пурмазмунтар гирифт. Ҳамкории иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона бо суръати баланд ривоҷу густариш меёбад.
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳарду давлат равнақ ёфт. Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд, ки дар соли 2004 муомилоти моли байни ҳарду мамлакат нисбат ба соли 2003 бештар аз 13 баробар афзуда, қариб 80 миллион долларро ташкил дод.
Тарафҳо ҳамкории фаъолонаро ба манзури фаъолияти зидди хавфу хатари глобалӣ амали муҳимму афзалиятнок мешуморанд. Қайд шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории амалии роҳбарияти Афғонистон, қувваҳои байналхалқии мададгори амният ва ҷузъу томҳои низомии ИМА, ҳамчунин бо кӯмаки васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Афғонистон тадриҷан ба эътидол омада, ҳокимияти нав мустаҳкам мегардад ва сохторҳои муҳимми ҷомеаи Афғонистон эҳё мешаванд.
Ҷонибайн ҳамзамон диққатро ба он ҷалб намуданд, ки терроризм ва моҷароҷӯӣ ҳанӯз ҳам чӣ барои ин мамлакати ҷабрдида ва чӣ барои сулҳу субот ва амнияти минтақа ва тамоми ҷаҳон хавфи ҷиддӣ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин иброз дошт, ки бояд эътилофи зиддитеррористиро мустаҳкам намуда, фаъолияти онро мувофиқи мақсад ва самарабахш намоянд.
"Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳар чи бештар хавф меорад, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мо бо назардошти ин воқеияти хавфнок дар амал татбиқ шудани ташаббусҳоямонро бобати ҳамкории ҳақиқатан глобалии зидди маводи мухаддир таъхирнопазир мешуморем".
Мамлакатҳои мо метавонанд як навъ муҳаррики пешбарандаи ин кори бузургу таърихӣ гарданд.
Қайд шуд, ки ҳамкории бисёрҷониба барои таҳкиму таҷдиди хадамоти сарҳадии Тоҷикистон ва умуман сохторҳои қудратӣ омили муҳимтарини ҳамкории самарабахш дар ин соҳа аст.
Тарафҳо аминанд, ки таҳкими сарҳад ба дараҷаи талаботи имрӯза роҳи ҳақиқатан самарабахшу оқилонаест, ки дар шароити он захираҳо ҳар чи зудтар фоидаи зиёд мебахшанд.
Тарафҳо аз ҳамкории васею фаъолона ҳам аз нигоҳи дуҷониба ва ҳам хусусан дар сатҳи минтақавию глобалӣ, ки ба манфиати дарозмуддати ҳарду кишвар ва ба амнияти минтақавию глобалӣ мусоидат мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.