Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Муҳаммад Ризо Ориф дар фазои самимӣ доир шуд. Мусоҳибон атрофи ҳамкориҳои ба ҳарду ҷониб судманд, анҷоми муваффақонаи сохтмони муштараки роҳи зеризаминӣ тавассути нақби Анзоб, оғози сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва дигар лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ андешаронӣ намуданд.