27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи (Пуҳантуни) Кобул суханронӣ намуд. Дар мулоқот бо устодону донишҷуёни Пуҳантуни Кобул ва олимону фарҳангиёни Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯз ду кишвари дигареро дарёфтан маҳол аст, ки мисли Тоҷикистон ва Афғонистон пайвандҳои амиқ ва ногусастании таърихӣ, муштаракоти забонӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва арзишҳои иҷтимоиву суннатҳои бузурги ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ҷозибаи муҳаббат ва дӯстии воқеан таърихӣ дошта бошанд.