6 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи пансионати ҷумҳуриявии ветеранҳои ҷангу меҳнат, воқеъ дар ноҳияи Варзоб иштирок намуд.
Пансионати мазкур дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар як вақт метавонад бештар аз 60 нафар ва дар як сол то 1000 нафар собиқадорони ҷангу меҳнатро ройгон аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат барои истироҳату табобат фаро гирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат баромад намуда, аз саҳми фарзандони барӯманди мамлакат дар таъмини ғалаба, сулҳу суботи диёр, мардонагӣ дар майдонҳои набард ва саҳми арзандаашон дар ҳаёти баъдиҷангӣ ва рушду густариши соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуд.
Аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру тармим, ҷиҳозонидан ва умуман пурра ба истифода додани пансионати мазкур 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
"Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст", - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки қабул ва татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, пирони барҷомонда исботи гуфтаҳои болоанд.
Баъд аз суханронӣ ва мулоқот бо собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шароити истироҳату фароғат, табобат ва дигар имкониятҳои пансионати ҷумҳуриявии ветеранҳои ҷангу меҳнат шинос шуд. Сарвари давлат ба масъулини Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандону хизматчиёни пансионати мазкур бобати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ, табобат ва истироҳати пирони барҷомонда, баланд бардоштани сифати хӯроки онҳо супоришу дастурҳои мушаххас дод.
Баъди шиносоӣ бо шароитҳои пансионати ҷумҳуриявии ветеранҳои ҷангу меҳнат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши театрикунонидашудаи бахшида ба ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуд.