Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз бо Садри Парламенти Корея, Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Вон Ки мулоқот ва гуфтугӯ намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки маҳз дар шаҳри Сеул соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байнипарламентӣ аъзо гардида буд ва робитаҳои мақомоти қонунгузории ҳар ду ҷониб сол то сол густариш меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин роҳбари олимақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба Парламенти Ҷумҳурии Корея ташриф овард.