19 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи директори Бонки Осиёии Рушд Ашок Сайкиаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд ва аз раванди муваффақонаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
"Мо ба вусъати робитаҳо бо Бонки Осиёии Рушд қаноатмандем", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки "ташрифи роҳбари воломақоми ин бонки бонуфузро ибтидои марҳилаи нави ҳамкориҳои пурсамар мешуморем".
Дар вохӯрӣ зикр ёфт, ки тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмини мӯътадили макроиқтисодӣ, инчунин пешрафти муваффақонаи иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои молиявии ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 5 соли охир 55 фоизро ташкил дод.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи расонидани ёрӣ ба зарардидагони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бар асари офати табиӣ боиси харобшавии як қатор хоҷагиҳои халқи ноҳия гардид, табодули назар намуданд.
Мусоҳибон татбиқи як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Хуҷанд-Айнӣ-Панҷакент, Бӯстон-Хуҷанд-Конибодом-Исфара, Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён, Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Мурғобро омили муҳимми рушди ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ карданд.
Дар сӯҳбат инчунин оид ба азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва шаклҳои нави хоҷагидории кишоварзӣ табодули назари судманд карда шуд.