Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов

02.08.2005 15:00, шаҳри Душанбе

2 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқоти судманди ҷонибҳо маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву техникии Тоҷикистону Россия баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо ҳангоми вохӯрӣ қаноатмандии амиқи худро аз таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба изҳор карда, таъкид намуданд, ки дар ҳама самтҳо марҳила ба марҳила пешравиҳои эътимодбахш ба назар мерасанд. Аснои сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири Федератсияи Россия вазъи ҳамкориҳои ҳарду давлатро ҳамаҷониба таҳлил намуданд.

Зикр шуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Москва дар рушди муносибатҳои дӯстонаи ҳарду мамлакат заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520