Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хун Бин

03.08.2005 14:00, шаҳри Душанбе

3 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хун Бинро бинобар сабаби анҷоми ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди амиқи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва созишномаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла тармиму таҷдиди роҳҳо, сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, беҳдошти соҳаи обрасонӣ дар шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, истифодаи мақсадноки захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Даштиҷумро омили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520