Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи нахустин сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд субҳи рӯзи 11-уми августи соли 2005 дар шаҳри Бангкок Кохи бузург ва маъбади "Буддои Зумуррадӣ"-ро зиёрат намуд. Ин макон аз марказҳои нодиру муқаддас ва таърихии Шоҳигарии Таиланд буда, диққати миллионҳо сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.