Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НОБ-и «Норак» соли 2012 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, айни замон ҳамагӣ дар 0,10 сотих замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз сарфаи масоҳати замин, инчунин ин таҷҳизот дигар афзалиятҳоро доро мебошад, ки ин аз эътимодияти баланд ва кафолати тӯлонии 25 - сола иборат аст.
Хабар дода шуд, ки Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ аз тарафи фонди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати Олмонии «Алстом» сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти асосии Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар соли 2013 бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи таксимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ дар НОБ «Норак» бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.