Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Иди асал

03.09.2005 12:00

3 сентябр боғи "Дӯстии халқҳо"-и пойтахт аз ҳарвақта серодамтар буд. Садои форами карнаю нағора диқкати ҳар роҳравро ҷониби боғ намуда, сафи бошандагони онро ҳар лаҳза афзун менамуд.

Воқеан он рӯз ид буд, Иди асал. Иде, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле мутантану хотирмон, гузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои хоҷагиҳо ва аз ҳар нуқтаи асалпарварон дидан карда, дар масъалаҳои афзун гардонидани оилаҳои занбӯри асал, истеҳсолу содироти ин неъмати гаронбаҳо ва кӯмаку дастгирии асалпарварони навоҳии кӯҳистон тавассути ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок дастуру маслиҳатҳо дод.

Дар охир аз байни иштирокдорони озмун беҳтаринҳо сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520