Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

19.09.2005 11:00, шаҳри Душанбе

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Маҳмадназар Солеҳов, мушовирони давлатии Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат як қатор масоили ҷории роҷеъ ба татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёни машваратро ба масъалаҳои вазъи корҳои кишоварзӣ, саривақт додани маошу кӯмакпӯлиҳо ба аҳолӣ, омодагӣ ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз қабили ҷаласаҳои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё ва Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён мегиранд, равона кард.

Дар машварат ҳамчунин масоили оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, омодагӣ ба рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, омодагӣ ба сафарҳои дохилиҷумҳуриявии Сарвари давлат, ки дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудаанд, рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда - 1 ва Сангтӯда - 2, нақби Анзоб ва омодагӣ ба оғози кор дар нақби ағбаи Шаҳристон баррасӣ шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520