5 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бандал Ҷайшанкарро бо сабаби анҷоми мӯҳлати ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар солҳои сафирии Бандал Ҷайшанкар барои таҳкиму густариши равобити мутақобилан судбахши ду кишвар корҳои назаррас ба анҷом расид. Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуд.
Бандал Ҷайшанкар иброз дошт, ки минбаъд низ ӯ саҳми намоёни худро дар роҳи рушду нумӯи равобити ҳасанаи ду кишвар дареғ нахоҳад дошт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ба натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки моҳи августи соли 2006 ҷараён гирифта буд, баҳои баланд дода, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро неку умедбахш арзёбӣ намуданд.