Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Оливье Метлан Пелен эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафири нави Фаронса, ки баъди маросими супурдани эътимоднома баргузор гашт, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов аз сатҳи ҳамгироиҳои Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: "барои Тоҷикистон рушди муносибатҳо бо Фаронса, ки яке аз шарикони асосии мо дар Аврупо аст, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ аст".
Ҷонибҳо оид ба зарурати инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар ҳамфикрӣ баён дошта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки ин метавонад идомаи мантиқии ҳамкориҳои босамари ҳарбию техникии Тоҷикистону Фаронса гардад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.