Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Акиф Айхан эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафири нави Туркия, ки баъди маросими супурдани эътимоднома ҷараён гирифт, дурнамои ҳамгироиҳои муштараки ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки "Туркия барои Тоҷикистон яке аз шарикони муҳим дар арсаи байналмилалӣ аст ва мо сатҳи имрӯзаи ҳамгироиҳои ду кишварро баланд арзёбӣ мекунем".
Ҷонибҳо аз сатҳи мубодилаи мол байни Тоҷикистону Туркия, ки дар 11 моҳи соли 2006 ҳаҷми он 420 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2005 беш аз се маротиба афзоиш ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ин нишондодро яке аз натиҷаҳои намоёни сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия маънидод карданд.
Мусоҳибон оид ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту комуникатсия, саноати кӯҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, туризм, сохтмон ва фарҳангу маориф мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.