27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди навбатии ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова ба унвони Президенти ин мамлакат Владимир Воронин барқияи шодбош фиристод, ки дар он гуфта мешавад. «Ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова ба ин ҷониб имкон медиҳад, ки Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро ба ин воқеаи фараҳбахш самимона табрик намоям.
Ба камоли қаноатмандӣ қайд менамоям, ки ҳамкории мамлакатҳоямон дар асоси принсипҳои боварию эътимод ба ҳамдигар, дӯстии анъанавӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила торафт бештар равнақу ривоҷ меёбад.
Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки барои таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба тамоми табдирҳои заруриро андешад.
Владимир Николаевичи мӯҳтарам, дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо саломатии комил, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Молдова сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».