20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеи вилояти Хатлон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сарвари давлат аз масъулин доир ба авзои ҳозираи ҷамъоварии ҳосили пахта, пардохти музди меҳнати деҳқонону ёрдамчиён, истифодаи техникаи ҳосилғундор ва таъмини шароитҳои мусоиди кишоварзон дар давраи натиҷагирӣ аз ҳосили бо ранҷи зиёд парваришгардида пурсон шуд.
Тавре маълум гардид, баъди бо дахолати шахсии Сарвари давлат тариқи мусбат ҳал гардидани масъалаи таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо заҳрхимикатҳо нашъунамои пахта беҳтар гардида, офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шуд.
Деҳқонони пахтакори шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Ҳамадонӣ ва Фархору Восеъ алҳол тамоми қувваро баҳри вусъати ҷамъоварии ҳосили пахта равона карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда дастур дод, ки бояд тамоми имкониятҳо баҳри сари вақту беталаф ҷамъоварӣ шудани ашёи хоми қимматбаҳо, ҳавасмандии моддии чинакчиён, ташкили дурусти кор ва истифодаи самараноки ҳар соати рӯзҳои офтобӣ равона карда шаванд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои пардохти бемамонияти маошу нафақаи шаҳрвандон, омодагӣ ба фасли зимистон, беҳдошти сифати таълиму тарбия ва хизматрасониҳои ҳифзи сиҳатии омма таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.