21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои ба номи Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Зафарободи вилояти Суғд сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ба Сарвари давлат аз ҷараёни тадбирҳои вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта ҳисобот доданд.
Тавре маълум гардид, имсол ҳосили пахта дар муқоиса ба соли гузашта беҳтар аст, ба хусус дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом меҳнати деҳқонон самараи назаррас ба бор овард. Танҳо истифодаи оқилонаи ҳар соати фасли тирамоҳ, обу ҳавои мусоид ва ҳавасмандии саривақтии чинакчиён метавонад амалӣ гаштани нақшаҳоро таъмин гардонад.
Бинобар дар ноҳияи Зафаробод нарасидани қувваи қобили меҳнат Сарвари давлат супориши фаврӣ дод, ки ҳамаи 30 адад техникаи ҳосилғундори ноҳия ба саҳро бароварда шаванд.
Дар ҷараёни сӯҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба маҷмӯи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии фарогири ҳаёти ҷомеаи ин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла тайёрӣ ба фасли зимистон, вазъи кунунии фаъолияти муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва пардохти бетаъхири маошу нафақаи шаҳрвандон мароқи калон зоҳир намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин бахшҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Раисони шаҳру ноҳияҳои ба номи Ҷаббор Расулов, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод вазифадор гардиданд, ки аз натиҷаи иҷрои дастуру эродҳои Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.