24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Ашту Ғончии вилояти Суғд ва Панҷу Ёвони вилояти Хатлон сӯҳбати телефонӣ дошт.
Баъди шунидани ҳисоботи муфассали раисони ноҳияҳои номбурда, Сарвари давлат бобати вусъати ҷамъоварии ҳосили пахта, ҳавасмандии моддии чинакчиён, бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои наздиктарин ба иҷро расонидани нақшаҳои солонаи истеҳсоли ашёи хоми пурқиммати пахта дастурҳои қатъӣ дод.
Сол то сол афзун гардонидани ҳосилнокии пахта, ки омили муҳимми рушди саноати кишвар, фаровонии бозор, таҳкими иқтидори содироти мамлакат мебошад, аз ҳадафҳои марказии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ба хусус, пахтаи навъи маҳиннах, ки дар ноҳияи Панҷ ҳар сол майдони кишти он зиёд мегардад, дар бозори ҷаҳонӣ рақобати устувор дошта, барои хоҷагиҳо ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти мамлакат манфиати бештар хоҳад овард, аз ин рӯ, дар кулли навоҳии пахтакор истифодаи таҷрибаи пешқадами парвариш ва истеҳсоли пахтаи навъи маҳиннах ба мақсад мувофиқ аст.
Сарвари давлат доир ба раванди ғайриқаноатбахши ғунучини ҳосили пахта дар ноҳияи Ашт эроди амиқ баён карда, роҳбарияти ноҳияро ҷиҳати ислоҳи бетаъхири камбудиҳо, ташкили шароитҳои мусоиди ҷамъоварии пахта ва ҷалби ҳарчи бештари чинакчиёну ёрдамчиён ба ин мавсими натиҷагирӣ аз меҳнати шабонарӯзии деҳқонон вазифадор намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ба маҷмӯи васеи масъалаҳои фарогири авзои кунунии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳо диққати махсус дода шуд.