5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои фарогири ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят баррасӣ шуданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи раиси вилоятро шунида, сипас доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, захираи ангишт, ташкилу фурӯши он ба аҳолӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ ва захира намудани он барои сокинони вилоят, ба хусус картошкаи хушсифат, инчунин пардохти бемамонияти маошу нафақаи шаҳрвандон дастурҳои қатъӣ дод.
Дар рафти сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бештар ба масъалаи татбиқи мақсадноку оқилонаи маблағҳои аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Сарвари давлат ҷудо гардида, аз ҷумла барои тармиму таҷдиди театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров, беморхонаи марказии вилоят, муассисаҳои табобатии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшон, инчунин истифодаи самарабахши маблағҳои барои сохтмон, таъмиру навсозӣ ва таҷҳизонидани мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят ҷудошуда, супоришҳои ҷиддӣ дод.
Сарвари давлат раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро вазифадор намуд, ки шахсан ҷараёни татбиқи амалии дастуру супоришҳоро зери назорати доимӣ гирифта, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш диҳад.