Нимаи дуюми рӯзи 5 октябр гуфтугӯи телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сурат гирифт.
Президенти Россия Сардори давлати Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш аз самими қалб муборакбод намуда, ба вай тансиҳатию саодат ва ба халқи тоҷик сулҳу беҳбудӣ орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои табрику таҳнияти самимонааш изҳори миннатдорӣ карда, дар навбати худ Президенти Федератсияи Россияро ба муносибати наздик шудани зодрӯзи сарвари Русияи дӯст аз самими қалб муборакбод карда изҳори умедворӣ намуд, ки сафари қарибулвуқӯъи Владимир Путин ба Тоҷикистон боз як қадаме дар роҳи таҳкими ҳамкории зичи ҳар ду мамлакат мегардад. Сардори давлати Тоҷикистон ба Президенти Россия саодатмандӣ, беҳбудӣ ва ба нафъи Россия муваффақиятҳои нав орзу кард.