Субҳи 18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби раиси ҳукумати интиқолии исломии Афғонистон Ҳидоят Амин Арсаллоҳ, ки ба ҳайси меҳмон барои иштирок дар мулоқоти навбатии сарони мамолики узви Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.
Вусъати раванди барқарорсозии баъди ҷангии Афғонистон, омили муҳимми таъмини амнияти минтақа, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар маҷмӯъ пешрафти иқтисодии кишварҳои минтақа мебошад, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо дар мавриди иштироки фаъолонаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ширкатҳои давлатию хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистони азиятдида бо изҳори ҳамфикрӣ таклифҳои мушаххас баён доштанд.