14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Мӯҳсин Аминзодаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор доир гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон ба татбиқи амалии созишномаҳои мавҷуда дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дод.
Мусоҳибон ҳамчунин вазъи минтақа ва хусусан Афғонистонро баррасӣ намуданд.