Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 март дар назди иштирокчиёни Форум суханронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки барои аҳли башар масъалаи об сол то сол проблемаи рӯзмарра мегардад. Дар ин робита Президенти Тоҷикистон масъалаи таъини меъёрҳои истифодаи оби тозаро барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ба муҳокима гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи ташаббуси нави худ оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии оби тоза иттилоъ дод.
Баъди анҷоми Форуми умумиҷаҳонии об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Киото ба Токио омад. 18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Токио бо Сарвазири Ҷопон Дзюнитиро Коидзуми мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Ҷопон дар сатҳи олӣ ҳар ду ҷониб омодагии худро ба густариши бештари ҳамгироӣ дар маҷмӯи васеи масъалаҳо таъкид карданд. Музокирот соҳаҳои судманди ҳамкории дуҷонибаро фаро гирифт.