7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Суғд, шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан телефонӣ сӯҳбат намуд.
Сӯҳбати телефонӣ дар робита бо оқибатҳои офати табиӣ, ки дар натиҷа ба аҳолии шаҳрҳои номбаршуда талафоти ҷонӣ ва зарари калони иқтисодӣ расонид, суръат гирифт.
Президенти кишвар пеш аз ҳама, ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Зимни сӯҳбат масъалаҳои вобаста ба рафъи оқибати боронҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, ба раисони вилояти Суғд Қосим Қосимов, шаҳрҳои Панҷакент Ш.Самадов ва Истаравшан Ҷ. Зокиров супоришҳои мушаххас дода шуд.