Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф ба масъалаҳои Афғонистон диққати махсус дода шуд. Мусоҳибон ҳамчунин дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дар шаҳри Душанбе гузаронидани яке аз ҷаласаҳои Шӯрои директорони БИР мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки икдоми мазкур ба ҷалби сармоягузорони минтақаи СКИ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад.