24 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Фаронса Юбер Ведринро, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари кории кӯтоҳмуддат омада буд, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ба мавзӯоти вобаста ба вазъи Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунии таҳаввулоти вазъи Афғонистон ҷомеаи ҷаҳон бояд ба масъалаҳои барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.