24 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Абдулло Абдуллоро, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари кории кӯтоҳмуддат омада буд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо на танҳо масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷониба, балки проблемаҳои вазъи кунунии Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақаро муҳокима карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дастгирии сиёсиро ба Ҳукумати интиқолии Афғонистон таъкид кард.