10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат О.Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат Ш.Султонов, мушовирони давлатӣ ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.
Сарвари давлат ҳисоботи шахсони масъулро оид ба тайёрӣ ба маъракаҳои калони дарпешистода, аз ҷумла таҷлили 2500-солагии таъсисёбии Истаравшан, Анҷумани тоҷикони дунё ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дигар нақшаҳои азими ҷумҳурӣ шунид.
Дар ҷамъомад дигар паҳлӯҳои фаъолияти мақомоти марбута дар роҳи татбиқи амалии вазифаҳои ба зимма доштаи онҳо муҳокима гардиданд.