29 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Сарситоди Хадамоти сарҳадбонии Федералии Россия генерал - полковник Н. Резниченкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар бобати таъмини ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистонро ба таври муфассал муҳокима карданд.