6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Ивановро, ки ба Тоҷикистон баъд аз анҷоми сафари Афғонистони ҳамсоя омад, ташриф овард, қабул намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Мусоҳибон ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозии баъдиҷангии он, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории вазоратҳои мудофиаи ду кишвар диққати калон доданд.