6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ гардонидани ислоҳоти иқтисодӣ дар бахши кишоварзӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҷдиди сохтори корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ дар давраи солҳои 2002 - 2005"-ро имзо кард.
Мувофиқи қарори мазкур Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо то 31 декабри соли 2005 таҷдиди сохтори 225 корхона ва ташкилотҳои кишоварзиро мувофиқи тартиби муқарраршуда бо роҳи давра ба давра тадбил додани онҳо ба хоҷагиҳои ғайридавлатӣ, аз он ҷумла ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар намудҳои хоҷагидорӣ тибқи нақша таъмин менамоянд.