Нимаи якуми 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Клод Бланшмезонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот мусоҳибон ба рафти омодагӣ ба сафари расмии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса моҳи декабри соли 2002 диққати махсус доданд.