Нимаи дуюми 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин мулоқот дошт.
Дар ҷараёни сӯҳбати "як ба як" оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор доир гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқоти Тоҷикистону Молдова дар сатҳи олӣ ба раванди рушду густариши робитаҳои бисёрҷабҳа байни ду кишвар такони нав медиҳад.