Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак

06.12.2002 15:00, Франсия

6 декабр дар Қасри Елисей дар Париж музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак баргузор гардид.

Зимни мулоқоти "як ба як" сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳоло ҳамаи шароит барои инкишофи онҳо, аз ҷумла наздикии мавқеъҳои ду давлат нисбати проблемаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва як қатор омилҳои дигар вуҷуд доранд.

Дар ҷараёни музокирот сарони давлатҳо оид ба проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври самарабахш мубодилаи афкор карданд. Дар ин робита ба вазъи Афғонистон ва барқарорсозии баъдиҷангии он таваҷҷӯҳи калон зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520